14 Июн 2020 - 11:41
Эъломи ҳамбстагии шахсиятҳои фарҳангии Эрон бо миллат ва давлати Тоҷикистон дар мубориза бо корона

Се шахсияти фарҳангии Эрон дар паёме тасвирӣ бо мардуми ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона эъломи ҳамбстагӣ карданд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Муҳаммадҳасани Санъатӣ- ройзани фарҳангии собиқи Эрон дар Тоҷикистон ва узви ҳайати илмии андешкадаи геополотики Донишгоҳи Форобии Эрон, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ- раиси қутби Фирдавсишиносӣ ва устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва Муҳаммадҳусайни Обидинӣ- коршиноси тавсеаи равобити фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин паёми видеоӣ ба баёни эҳсосот ва ҳамдилии худ бо мардуми Тоҷикистон пардохтанд.

Қаблан ҳамчунин паёме муҳаббатомез аз сӯи фарҳангиёни тоҷик барои ҳамбастагӣ бо мардуми Эрон, дар амри мубориза бо вируси корона баён шуда буд. 


342/